Ду даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президент бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду даҳгонаи довталабони беҳтарине, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-и солҳои 2018 ва 2019 аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон натиҷаҳои баланд гирифтаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муайян кардани даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД аз соли 2018 оғоз гардида буд ва баргузории чунин маросим дар таърихи ИМД бори нахуст аст.
Дар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 ба даҳгонаи беҳтарин интихоб гардиданд. 1 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун довталаби беҳтарин аз ин вилоят интихоб гардид. Ҳангоми таҳияи рейтинг холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон, яъне 6-субтестӣ ба назар гирифта шудааст.
Дар ҷараёни маросим роҳбарони Марказ ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадаф ва аҳамияти ин чорабинӣ, дастоварди даҳгонаи беҳтарини дохилшуда, инчунин ИМД сухан гуфтанд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» дар назди Марказ соли 2021 вазифаи ҳавасмандгардонии довталабони аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ холҳои имконпазири ҳадди аксар бадастоварда гузошта шавад.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






