Ду даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 муайян гардид

Ноябрь 16, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президент бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду даҳгонаи довталабони беҳтарине, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-и солҳои 2018 ва 2019 аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон натиҷаҳои баланд гирифтаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муайян кардани даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД аз соли 2018 оғоз гардида буд ва баргузории чунин маросим дар таърихи ИМД бори нахуст аст.

Дар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 ба даҳгонаи беҳтарин интихоб гардиданд. 1 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун довталаби беҳтарин аз ин вилоят интихоб гардид. Ҳангоми таҳияи рейтинг холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон, яъне 6-субтестӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар ҷараёни маросим роҳбарони Марказ ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадаф ва аҳамияти ин чорабинӣ, дастоварди даҳгонаи беҳтарини дохилшуда, инчунин ИМД сухан гуфтанд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки  барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040» дар назди Марказ соли 2021 вазифаи ҳавасмандгардонии довталабони аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ холҳои имконпазири ҳадди аксар бадастоварда гузошта шавад.

Ноябрь 16, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад