Филми тоҷикии «Ношунаво» барандаи ҷоизаи Кинофестивали Осиё гардид

Ноябрь 11, 2020 13:07

ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Филми коргардони ҷавони тоҷик Усмон Юсупов таҳти унвони «Ношунаво» дар Чин сазовори ҷоизаи мӯътабар гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ додааст.

Филм сазовори ҷоизаи байналмилалии синамоии  Golden Begonia Award («Олиҳаи тиллоӣ») -и Фестивали VIII Осиёии филмҳои кӯтоҳметраж дар Чин дониста шуд.

Мунаққидон ин филмро яке аз беҳтаринҳо дар кинофестивал арзёбӣ кардаанд.

Ҳангоми мукофотонидани ширкаткунандагони озмун ҷоизаи Усмон Юсупов барои филм аллакай ба намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Чин тақдим шуда буд, зеро худи муаллиф бо сабаби пандемия ба ин фестивал омада натавонист.

Тибқи иттилои сафорат, маросими супоридани ҷоизаҳо дар шаҳри Линсанги вилояти Юннан дар ҷанубу ғарби Чин баргузор шудааст.

ДАР АКС: Супоридани ҷоиза ба намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶМЧ Муҳаммад Эгамзод. Акси сафорати Тоҷикистон дар Чин

Гуфта мешавад, ки дар кинофестивал ҳамагӣ се филми коргардонҳои тоҷик муаррифӣ шуда, озмун ҳамасола маҷмӯан беш аз 20 ҳазор дархостро аз 30 кишвари ҷаҳон интихоб мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар 7-умин Фестивали осиёии филмҳои кӯтоҳметраж (7thAsian MicroFilmArtFestival), ки моҳи ноябри соли 2019 дар Чин баргузор шуда буд, филми тоҷикии «Хаёлфурӯш» -и коргардон Шарофат Арабова низ ҳамчун яке аз беҳтарин филмҳои кинофестивал бо ҷоизаи «Олиҳаи тиллоӣ» (Begonia Golden) мукофотонида шуда буд. Филми «Хаёлфурӯш» дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикфилм» ва студияи ҳиндустонии «Марудҳар Артс» таҳия шуда, барои бозидани нақши асосӣ ҳунарпешаи кинои Ҳиндустон Пушпендра Сингх даъват шуда буд. Филм бо забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ ба навор гирифта шудааст.

Ноябрь 11, 2020 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст