ФУТБОЛ. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 гардид

Ноябрь 18, 2020 09:28

ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи футболи  КМВА-и шаҳри  Душанбе дар маҷмааи «Кохи Афсарон»-и пойтахт бо медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 мукофотонида шуд. Медалҳо ба бозингарон, ситоди мураббиён, кормандон ва роҳбарони даста тақдим карда шуданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

 Дар ҳамоиш муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор  Абдулҳошим Ғуломзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи олии футболи мамлакат Сайвалӣ Шоқурбонов, инчунин афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар маросими ҷоизасупорӣ ба Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо барои дастгирии ҳамаҷонибаи «Артишиҳо» изҳори миннатдорӣ карда, футболбозон ва ҳайати мураббиёни дастаи  КМВА-ро барои ба даст овардани медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 табрик гуфта ба даста дар мавсими нави Лигаи олӣ муваффақият таманно намуд.

Тибқи натиҷаҳои омории Чемпионати Тоҷикистон-2020, дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мутахассиси украинӣ Сергей Житский 18 бозӣ гузаронида, дар 8 вохӯрӣ пирӯзӣ ба даст овард, 5 бозиро мусовӣ карда, дар 5 бозии дигар мағлуб шудааст.

Ноябрь 18, 2020 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад