Футболбозони тоҷик дар Дубай бо дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бозии рафиқона доир мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 7 ноябр бо дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии рафиқона доир мекунад. Ҳарду рақобати шогирдони Усмон Тошев дар меҳмонӣ дар шаҳри Дубай сурат мегиранд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бинобар бемории Ковид-19 бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи Осиё ба соли оянда гузаронида шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо дастаҳои мунтахаби Япония, Муғулистон ва Мянма рақобат мекунад.
Бозиҳои дӯстона
7 ноябр (шанбе)
Баҳрайн – Тоҷикистон
Дубай, АМА
12 ноябр (панҷшанбе)
Аморати Муттаҳидаи Араб – Тоҷикистон
Дубай, АМА
Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии расмии худ дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 32-юми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари мизбон Шаҳзод Убайдуллоев кушода шуда, қисми аввал бо натиҷаи 1:0 ба поён расид.
Дар оғози қисми дуюми рақобат Зоир Ҷӯрабоев баъди ба майдон баромадан ҳисобро баробар кард, аммо дар дақиқаи 62-юми дидор довари ӯзбек — Аҳрол Ризқуллоев ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарбаи пеналтии баҳснок таъйин кард ва онро Мурод Холмуҳаммадов иҷро намуд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нуҳуми хеш ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ба бохт рӯ ба рӯ гардид.
Бозии дӯстона
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Шаҳзод Убайдуллоев, 33 (1:0). Зоир Ҷурабоев, 48 (1:1). Мурод Холмуҳаммадов, 67 – аз пеналти (2:1).
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон чунин буд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






