Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон барои баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа дар Бадахшон қарор дорад

Ноябрь 30, 2020 09:31

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади доир намудани суҳбату вохӯриҳои судманд, баррасии фаъолияти соҳибкории занону бонувон гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Зарина Абдулмаинзода бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Вохӯрии аввалини гурӯҳи корӣ аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, рӯзи дуввум бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳои ноҳияи Ванҷ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, истифодаи самараноки неруи барқ, омодагӣ ба фасли зимистон  ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

Пас аз анҷоми суҳбату вохӯриҳо гурӯҳи кории Кумита фаъолияти соҳибкории гирандагони гранти президентӣ дар соли 2019 дар ноҳияи Ванҷро мавриди санҷиш қарор дод.

Сафари кории гурӯҳи кории Кумита дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.

Ноябрь 30, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид