Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии «Math Challange-2020» 87 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дар олимпиадаи байналмилалии «Math Challange-2020» 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ карда, сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ (36 медали тилло, 31 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ ) гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Олимпиадаи мазкур моҳи октябри соли 2020 дар Тайланд доир шуд, ки дар он зиёда аз 1500 нафар хонанда аз 22 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ИМА, Англия, Қазоқистон, Ветнам, Туркия, Молдова, Руминия, Нигерия, Монголия, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Индонезия, Гурҷистон, Миср, Канада ва Бангладеш ширкат намуданд.
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз шумораи умумии медалҳо хонандагон аз Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон 17 медали тилло ва 18 медали нуқра, Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ, Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат 1 медали тилло, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Шуғнон 1 медали нуқра ба даст оварданд.
ДАР АКС: Хонандаи синфи 10-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Шаҳзода Ваҳобзода, ки дар олимпиадаи мазкур соҳиби медали тилло шуд. Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






