Имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон аз ҷониби Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд

Ноябрь 13, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрии маҷозӣ байни вазорату идораҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ (PIF) ва ширкати энергетикии  ACWA POWER – и он кишвар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Арабистони Саудиро мудири иҷроии Бунёди сармоягузории Арабистони Саудӣ Язид Ал-Ҳумайид роҳбарӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду давлат баррасӣ шуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 13, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд