Кишоварзони ноҳияи Спитамен дурнамои истеҳсоли пахтаро 100,1 фоиз иҷро намуданд

Ноябрь 11, 2020 13:21

ДУШАНБЕ, 11.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд имсол дурнамои истеҳсоли пахта 13100 тонна муқаррар гардида буд. Кишоварзони ноҳия то 9 ноябри соли равон ба хирмани мамлакат 13115 тонна пахта супориданд, ки ба 100,1 дарсади дурнамо  баробар мебошад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен соли равон дар майдони 6015 гектар чигит кишт намуданд.

Дар вилояти Суғд тибқи дурнамо истеҳсоли 129 500 тонна пахта дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз навоҳии Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Спитамен нақшаро пурра иҷро намуданд.

Дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Ноябрь 11, 2020 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд