Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 22.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони касбу кори гуногун озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» доир менамояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» роҳандозӣ шуда, ҷоиза ба ҷавононе, ки дар вазъияти ҷангӣ ҷасорату фидокорӣ нишон дода, дар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки ба наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошанд, аз ҷумла ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра иштирок намудаанд, тақдим карда мешавад.
Ҷоиза барои шаҳрвандони аз 14 то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро мутобиқ ба низомномаи Ҷоиза то моҳи декабри соли равон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






