Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд

Ноябрь 22, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 22.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонони касбу кори гуногун озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» доир менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» роҳандозӣ шуда, ҷоиза  ба ҷавононе, ки дар вазъияти ҷангӣ ҷасорату фидокорӣ нишон дода, дар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки ба наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошанд, аз ҷумла ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра иштирок намудаанд,  тақдим карда мешавад.

Ҷоиза барои шаҳрвандони аз 14 то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро мутобиқ ба низомномаи Ҷоиза то моҳи декабри соли равон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.

Ноябрь 22, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад