Милитсия — кафили тартиботу амнияти дохилии Тоҷикистон,-бардошт аз ҷамъомади идона дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Зимни ҷамъомад номаи табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қироат гардид.
Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ба кормандони мақомоти милитсия дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ, барору комёбӣ ва сарфарозӣ таманно намуд.
Зикр шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он дар маҳал аз рӯзҳои аввали таъсис, алалхусус дар даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти басо ҳассосу душвор, яъне таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи молу мулк, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ба уҳда дошта, имрӯз низ ин рисолатро иҷро менамоянд. Кормандони милитсия дар солҳои душвор бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, норасоии қувва, набудани шароити моддӣ-маишӣ ва молу ашёи зарурӣ масъулияти худро ба ҷо оварда, маҳз диловарию садоқати беандоза ба касбашон буд, ки ин ниҳод аз набарду муборизаҳои сангин гузашта, масъулияти базиммадошта, яъне барқарории сулҳу субот, осоиштагӣ ва муҳити орому осударо барои кору зиндагӣ ва вусъати умури ободонию созандагӣ фароҳам овард.
Бояд гуфт, ки бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили тартиботу амнияти дохилии мамлакат ва фаъолтарин сохтори қудратии мамлакат мубаддал гардида, ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятпеша мубориза мебарад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Рӯзи кормандони милитсия баён доштанд, ки «кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона адо карда истодаанд».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муассири кормандони соҳа ва беҳбуди вазъи иҷтимоии онҳо минбаъд низ тадбир андешанд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






