МОИ «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma»-и Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Ноябрь 12, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри соли 2020 байни маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» (Korean Smart Human Technology Association) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии ба имзо расонидани ҳуҷҷати мазкур — ин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Koshuma» дар самти ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони  Ҷумҳурии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур маҳсуб меёбад.

Дар доираи он бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳо, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли қисмҳои нақлиёти мошингард бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея ба нақша гирифта шудааст.

Ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Корея барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намуда, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад.

Ноябрь 12, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд