МУБОРАК БОД! Нависанда Тимур Зулфиқоров бо ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» сарфароз гардид

Ноябрь 28, 2020 12:47

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нависандаи русзабони Тоҷикистон Тимур Зулфиқоров бо ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод», ки аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ (ФБҲГ) ва Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида шуд. Дар ин маросим, ки дирӯз, 27 ноябр дар шакли онлайн баргузор шуд, ғолибони ҷоизаи “Иттиҳоди дебютҳо” низ мукофотонида шуданд. Тарроҳи тоҷик Муҳаммадносир Абдуллоев яке аз гирандагони ин ҷоиза гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии ФБҲГ хабар медиҳад.

«Ҳамзамон тақдим кардани ҷоизаҳо ба устодон ва мутахассисони навкор басо рамзист, — иброз дошт зимни баромади хеш  намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ Михаил Швидкой. “Ин ҳадафи аслии ҳарду ҷоизаро ифода мекунад: ҳамгироии фарҳангҳо ва давомати наслҳо”

Барандагон  ин мукофотҳоро на танҳо эътирофи хизматҳои шахсии худ арзёбӣ намуданд.

«Ситораи Иттиҳод» ҷоизаи асосии ИДМ барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Соли ҷорӣ намояндагони нӯҳ кишвар ба гирифтани он мушарраф гардиданд. Дар баробари Зулфиқоров, директори Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон Наиля Велиханова, муаллими мусиқӣ ва дирижёр аз Арманистон Светлана Навасардян, кардиологи беларус Александр Мрочек, роҳбари бадеии Театри давлатии академии мусиқӣ ва драмавии Қазоқистон Талгат Теменов, профессори кафедраи химияи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон Адилбек Молдошев ва директори Театри ҷавонони Кишинев «Аз кӯчаи садбаргҳо» («С улицы роз») Юрий Хармелин ба гирифтани ин ҷоиза сазовор дониста шуданд.

Ҷоизаи «Иттиҳоди дебютҳо» имсол ба мутахассисони ҷавон барои фаъолияташон дар самти «тарғиби китоб ва китобхонӣ» тақдим карда шуд. Бо ин ҷоиза шоир Саида Салаева (Озарбойҷон), китобдор Екатерина Ровдо (Беларус), журналист Ерлан Ҷунусов (Қазоқистон), донишҷӯ Акылбек уулу Бакай (Қирғизистон), тарҷумонҳо Диана Жалбэ (Молдавия) ва Евгения Баранова (Россия) ва тарроҳ Муҳаммадносир Абдуллоев (Тоҷикистон) сарфароз гардиданд.

Оркестри симфонии ҷавонони ИДМ таҳти роҳбарии Ҳунарманди халқии Россия Сергей Скрипка барои ҷоизадорон барномаи идонаи консертӣ пешкаш намуд.

                                                           Акс аз бойгонӣ

Ноябрь 28, 2020 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид