Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар шакли видеоконфронс доир шуд

Ноябрь 10, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр бо ибтикори ҷониби кореӣ ба манзури омодагӣ ба Форуми 13-уми ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 25 ноябри 2020 дар Сеул дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор хоҳад гардид,  мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои сиёсӣ Ким Ган дар шакли видеоконфронс барпо шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар абзори ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.

Ҷонибҳо ҳамчунин тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, стандартизатсия ва ҳифзи муҳити зист, ки мавзӯъҳои асосии ҷаласаҳои маҷозии Форуми навбатӣ мебошанд, баррасӣ намуда, роҷеъ ба лоиҳаи Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2021 изҳори назар карданд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуданд.

Дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳамияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид карданд.

Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 10, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон