Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020» идома дорад
ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2020» зери шиори «Милитсия – ҳомии ҷомеа!» мусобиқаҳои футболи хурд байни ҷавонон ва собиқадорон давом доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаҳо аз 4 ноябри соли 2020 оғоз ёфта, то 4 декабр идома меёбанд. Макони баргузорӣ толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Дар мусобиқаи байни футболбозони ҷавон 25 даста ҷамъ омада, онҳо дар 4 гурӯҳ бо ҳам рақобат доранд. Дар байни собиқадорон 12 даста дар 2 гурӯҳ бозӣ мекунанд.
9 ноябр бозиҳои байни дастаҳои «Динамо-1»-и ВКД ва «Барқи Тоҷик» бо ҳисоби 10:2 ба фоидаи динамочиён анҷом ёфт. Дар бозии собиқадорон низ дастаи «Динамо» дастаи «Зуҳур»-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб сохт. Ҳамчунин дар бозии байни дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бозингарони Ҳукумати шаҳр бо ҳисоби 8:4 ғолиб омаданд.
АКС аз ВКД ҶТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






