ОБУ ҲАВО. 9-10 ноябр дар баъзе ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Ноябрь 9, 2020 08:26

ДУШАНБЕ, 09.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 ноябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар ноҳияҳои ҷанубии вилоят бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр)  дар  назар аст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кўчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.  Ин вазъият ба кўдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки  бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3°, рӯзона 13+18° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Ноябрь 9, 2020 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа