ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

Ноябрь 11, 2020 08:09

ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда шуда, танҳо бегоҳӣ дар баъзе ноҳияҳо борони суст борида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 13+18 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 19+21 дараҷа  гарм мешавад.

Ноябрь 11, 2020 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад