ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад

Ноябрь 10, 2020 08:14

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда ва рӯзона ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда шуда, рӯзона ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 13+18 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда ва рӯзона камабри бебориш мешавад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 18+20 дараҷа  гарм мешавад.

Ноябрь 10, 2020 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад