Парчамдорӣ шарафмандист. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ВАҲДАТ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён оид ба эҳтиром ва арҷгузории Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, рисолати таърихии Парчами давлатӣ, ифтихор аз Парчами давлатӣ ва Парчам-рамзи давлатдории миллӣ маърӯза намуда, аз эҷодиёти шоирон шеърҳо кироат намуданд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Насиба Набиева зимни ҳамоиш иброз дошт, ки “парчамдорӣ шарафмандист, зеро ҷилваи Парчам дар болои сар ба одамон, гурӯҳҳо ва лашкарҳо неруву илҳом бахшида, онҳоро рӯҳбаланд месозад. Имрӯз Парчами давлатии мо чун рамзи давлатдорӣ ва ҳастии миллат дар пешгоҳи биноҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст, ки мо, ҷавонон аз он ифтихор менамоем”.
Муовини директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимова гуфт, ки “баҳри таблиғу ташвиқи аҳамияти Парчами давлатӣ ва эҳтиром нисбат ба он ҳамчун рамзи давлатӣ дар байни зиёда аз 1000 нафар донишҷӯёни муассиса семинарҳои омӯзишӣ ва конференсияҳо ташкил намудем, то насли ҷавони мо оид ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ дониши мукаммал дошта бошаду давлату миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ бо баланд бардоштану афрохтани Парчами давлатӣ ҳамеша муаррифӣ намояд”.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






