Парчами давлатӣ – таҷассуми гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябри соли 2020 сокинону ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, сарбозон, курсантони кафедраи ҳарбӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара бо Парчами муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксҳои қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиору овезаҳо аз кӯчаи марказӣ то майдони Касри фарҳанги ноҳия дар роҳпаймоӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи озодӣ ва саодати халқи тоҷик» фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин бора ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Баъдан дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани меҳмонон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар ҷамъомади тантанавӣ собиқадорони меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара, намояндагони соҳаҳои гуногун ва сарбозону афсарони шуҷои қисмҳои низомии ноҳия ширкат намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён конфронсро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, иброз намуд, ки “давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд, ки он таҷассуми гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони мо мебошад.
Парчами давлатӣ моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти мамлакат, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, қабул гардидааст. Парчам- ин рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






