Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҷаласаи онлайнии 36-уми вазирони COMCEC Тоҷикистонро намояндагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC), ки 25-26 ноябр дар Анқара дар сиғаи онлайн ба таври фосилавӣ доир гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуд. Мавсуф зимни ҳамоиш доир ба «Стратегия дар мавриди бартараф намудани таъсири манфӣ ба соҳаи сайёҳӣ баъд аз COVID-19» сухан гуфт. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф Ал-Отаймин, Президенти Бонки рушди исломӣ доктор Бандар М. Ҳаҷҷар, Раиси Палатаи исломии савдо, саноат ва кишоварзӣ Шайх Абдулло Солеҳ Комил ва дигар роҳбарони аршади СҲИ иштирок ва сухан намуданд.
Зикр шуд, ки соҳаи сайёҳӣ сутуни иқтисод ва воситаи рӯзгузаронии миллионҳо сокинони кишварҳои сайёра маҳсуб ёфта, даромад аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти ҷаҳон давоми бист соли охир аз 490 миллиард ба 1,6 триллион доллари амрикоӣ расид. Шиддат гирифтани таъсири манфии бемории ҳамагири COVID-19 давоми 9 моҳи имсол 2.2 триллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди ҷаҳон хисорот оварда, беш аз 1 миллиард аҳолии ҷаҳон шуғли худро аз даст доданд, аз ҷумла шаҳрвандони давлати мо низ. Бо ҷорӣ гардидани маҳдудият дар парвозҳои байналмилалӣ ва баста шудани сарҳадҳо аксари ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз фаъолият боз монда, кормандони худро ба таътили бемузд равон намуданд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба муқаррароти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати стандартикунонии меҳмонхонаҳо, ҳостелҳо, мотелҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва фурудгоҳҳо иқдоми нав роҳандозӣ намудааст, ки ҷиҳати эҷоди саёҳати бехатар дар мамлакат мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили татбиқи стратегияи COMCEC, тавсеаи муносибатҳо дар соҳаи тиҷорат, молия, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва мусоидат ба соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии сайёҳӣ дар кишварҳои аъзо баррасӣ гардиданд. Зимни мубодилаи афкор иштирокдорони ҷаласа саҳми СҲИ-ро дар бартараф намудани паёмадҳои хисоротовари COVID-19 дар иқтисоди кишварҳо муҳим арзёбӣ намуда, дастгирии бахши хусусӣ ва корхонаҳои хурдро дар ин давра саривақтӣ донистанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби давлатҳои аъзо Қатъномаи ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии СҲИ қабул шуд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд






