Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҷаласаи онлайнии 36-уми вазирони COMCEC Тоҷикистонро намояндагӣ намуд

Ноябрь 27, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин  Ҷӯразода дар ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC), ки  25-26 ноябр дар Анқара дар сиғаи онлайн ба таври фосилавӣ доир гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  намояндагӣ намуд. Мавсуф зимни ҳамоиш доир ба «Стратегия дар мавриди бартараф намудани таъсири манфӣ ба соҳаи сайёҳӣ баъд аз COVID-19» сухан гуфт. Дар ин хусус  аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Туркия   Реҷеп Тайип Эрдоган, Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф Ал-Отаймин, Президенти Бонки рушди исломӣ  доктор Бандар М. Ҳаҷҷар, Раиси Палатаи исломии савдо, саноат ва кишоварзӣ Шайх Абдулло Солеҳ Комил ва дигар роҳбарони аршади СҲИ иштирок ва сухан намуданд.

Зикр шуд, ки соҳаи сайёҳӣ сутуни иқтисод ва воситаи рӯзгузаронии миллионҳо сокинони кишварҳои сайёра маҳсуб ёфта, даромад аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти ҷаҳон давоми бист соли охир аз 490 миллиард ба 1,6 триллион доллари амрикоӣ расид. Шиддат гирифтани таъсири манфии бемории ҳамагири COVID-19 давоми 9 моҳи имсол 2.2 триллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди ҷаҳон хисорот оварда, беш аз 1 миллиард аҳолии ҷаҳон шуғли худро аз даст доданд, аз ҷумла шаҳрвандони давлати мо низ. Бо ҷорӣ гардидани маҳдудият дар парвозҳои байналмилалӣ ва баста шудани сарҳадҳо аксари ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз фаъолият боз монда, кормандони худро ба таътили бемузд равон намуданд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба муқаррароти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати стандартикунонии меҳмонхонаҳо, ҳостелҳо, мотелҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва фурудгоҳҳо иқдоми нав роҳандозӣ намудааст, ки ҷиҳати эҷоди саёҳати бехатар дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили татбиқи стратегияи COMCEC, тавсеаи муносибатҳо дар соҳаи тиҷорат, молия, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва мусоидат ба соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии сайёҳӣ дар кишварҳои аъзо баррасӣ гардиданд. Зимни мубодилаи афкор иштирокдорони ҷаласа саҳми СҲИ-ро дар бартараф намудани паёмадҳои хисоротовари COVID-19  дар иқтисоди кишварҳо муҳим арзёбӣ намуда, дастгирии бахши хусусӣ ва корхонаҳои хурдро дар ин давра саривақтӣ донистанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби давлатҳои аъзо Қатъномаи ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии СҲИ қабул шуд.

Ноябрь 27, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад