Шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш аз ҷониби портали «Proza.ru» номзад ба ҷоизаи миллии адабии «Адиби сол» пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, узви раёсати Иттифоқи нависандагон, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш аз ҷониби комиссияи таҳририяи портали «Proza.ru» номзад ба ҷоизаи миллии адабии «Адиби сол» барои соли 2020 пешбарӣ карда шуд.
Ба иттилои коршиноси кумитаи таҳририяи ҷоизаи «Адиби сол» Наталя Иванова, Мансур Суруш ҳаққи иштирок барои дарёфти ҷоизаи «Адиби сол» ва нашри асарҳо дар маҷмӯаи дастаҷамъӣ, ки аз ҷониби ҳакамон арзёбӣ мешавад, пайдо намуд. Дипломи номзад ба нависанда пас аз нашри асарҳояш ҳамроҳ бо нусхаҳои муаллифии маҷмӯаи дастаҷамъӣ дар дафтари Иттифоқи нависандагони Россия ё тавассути почта супорида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки озмун барои ҷоизаи «Адиби сол» аз рӯи номинатсияи асосии «Адиби сол» инчунин дар номинатсияҳои иловагии «Дебют», «Фантастика», «Адабиёти бачагона», «Ҳаҷв», «Драматургия» баргузор мешавад.
Дар ҳар номинатсия 3 нафар лауреатҳо интихоб карда мешаванд. Барандагони ҳамаи номинатсияҳо бо муҷассамаҳои кӯчак дар шакли қалам мукофонида шуда, имкони нашри китоби шахсии худро аз ҳисоби кумитаи тадорукот пайдо мекунанд.
Соли 2020 аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия Соли Бунин эълон карда шудааст. Ҳама номзадҳо ба ҷоизаи «Адиби сол» барои соли 2020, ки асарҳояшон дар маҷмӯаи дастаҷамъии озмун ба табъ мерасанд ва аз ҷониби ҳакамон баҳои мусбат мегиранд, бо медали ҷашнии бахшида ба 150-солагии нависандаи рус, барандаи ҷоизаи Нобел Иван Бунин мукофотонида мешаванд. Фармони Президиуми Иттифоқи нависандагони Россия дар бораи супурдани медали Бунин пас аз интишори маҷмӯаи дастаҷамъии озмун бо асарҳо ва баҳои он аз ҷониби ҳакамон ба имзо хоҳад расид.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Мансур Суруш муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳо, повестҳо ва ҳикояҳо, аз қабили «Намози бомдодӣ», «Замон ва андеша», «Паҳнои хотира», «Гуноҳи деворбаст», романи «Чала» ва ғайра мебошад. Намоишномаҳои ӯ «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз вақт меёбед», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – Лаклак», «Ях ва оташ» дар театрҳои русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский (Душанбе) ва ба номи А. С. Пушкин (Хуҷанд), инчунин Театри ӯзбекии ҷумҳуриявии ба номи Ш. Бурҳонов ба саҳна гузошта шудаанд. Муаллифи сенарияи филми ҳуҷҷатии «Аз Душанбе то Тел-Авив» мебошад.
Ӯ асарҳои як зумра нависандагони тоҷикро, аз ҷумла порчаҳо аз китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» -и Муҳаммад Авфии Бухорӣ, маҷмӯаи ҳикояҳои Урун Кӯҳзод «Рӯзбеҳ», ҳикояҳои ҷудогонаи Абдумалик Баҳорӣ, песаҳои С.Улуғзода — «Гавҳари шабчироғ», Низом Қосим — «Куруш ва Куруз», бобҳо аз романи Саттор Турсун «Завол», мақолаи маъруфи устод С.Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш» ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён» дар эҷодиёти Суруш мавқеи хос дорад.
Дар ҳаммуаллифӣ бо доктори илмҳои фалсафа С.Фаттоҳзода чеҳраи сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба қалам кашидааст, ки нақш ва саҳми Пешвои миллатро дар ташаккули давлати воқеии мустақил ва демократии тоҷикон дар марзи ду аср инъикос мекунад.
Баъзе ҳикояҳо ва мақолаҳои Мансур Суруш дар маҷаллаҳои «Наш современник», «Огонёк», «Родина» (Москва), «Русское поле» (Кишинёв) ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ, ки дар дар Минск ва Ереван нашр шудаанд, рӯи чопро дидаанд.
«Барои зистан ҳамзистӣ мебояд” — маҳз ҳамин ғоя, дар замони пурталотуми мо дӯстона зистанро дар асари нави ӯ “Ях ва оташ” талқин мекунад.








Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






