Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Дар асоси рӯзномаи ҷаласа нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро Абдулло Раҳмонзода вобаста ба татбиқи бандҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2019, №6/26-93 ва нақшаи кори Шӯро дар соли 2020 шунида шуда, мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли он мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи муовинони сарпарасти раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти соҳа дар маҳал ва тадбирҳои дар ин самт андешида шунида шуда, барои беҳтар намудани фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ ва татбиқи амалии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома, нақшаи кори Шӯро барои соли 2021 муҳокима гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди аъзои Шӯро он такмил дода шуд.
Ҷаласаи кории Шӯроро муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯро Матлубахон Сатториён натиҷагирӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






