ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, ҷумъа, 318-умин рӯзи соли 2020 аст

Ноябрь 13, 2020 08:00

13 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, Сарвазири мамлакат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуда, дар он масоили вобаста ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро баррасӣ намуданд.

***

88 сол муқаддам, 13 ноябри соли 1932 дар Тоҷикистон расадхонаи астрономӣ таъсис дода шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2017 паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал ва унвони чемпиони ҷаҳон гардид.  

13 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ.

***

Дар Россия — Рӯзи қӯшунҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми ғояи миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

***

13 ноябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар ҷодаи ҳолатҳои фавқулода созишнома ба имзо расониданд.

***

75 сол қабл, 13 ноябри соли 1945 Панама ва Эфиопия ба узвияти СММ пазируфта шуданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1993  дар Африқои Ҷанубӣ созишнома дар бораи маҳдуд кардани интихобкунандагон бекор карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1851 миёни Лондон ва Париж фаъолияти телеграфӣ оғоз гардид.

***

Соли 1997 дар Ҳиндустон галстуки дарозтарин дар таърихи ҷаҳон бароварда шудааст, ки 80 метру 47 сантиметр дарозӣ дошт.

Ноябрь 13, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш