ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 309-умин рӯзи соли 2020 аст
4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
***
4 сол қабл, 4 ноябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.
4 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.
РӮЙДОДҲО:
4 ноябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.
***
4 ноябри соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд «Таъбири хоб» нашр шуд
***
4 ноябри соли 1967 манораи телевизионии «Останкино» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
4 ноябри соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 Чемпиони Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм 500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.
***
Соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемёт) ихтироъ кард.