ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 313-умин рӯзи соли 2020 аст

Ноябрь 8, 2020 08:00

8 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 8 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши «Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ» дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими рӯнамоии китоби шашҷилда ва луғати тафсирии истилоҳоти «Шашмақом» доир шуд.

8 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии Маҳфили зарифон.

***

Дар Чин – Рӯзи журналистика.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи омор.

 РӮЙДОДҲО:

8 ноябри соли 2011 масоили ҳамкории Тоҷикистону Япония дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардиданд.

***

8 ноябри соли 2012 дар Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2013» муҳокима шуд.

***

5 сол пеш, 8 ноябри соли 2015 варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон медали тилло ба даст овард.

***

8 ноябри соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Арабии Миср дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

***

103 сол муқаддам, 8 ноябри соли 1917  дар Канада агентии иттилоотии «Канадиан пресс» таъсис дода шуд.

***

8 ноябри соли 1948  Ҳизби коммунистии Албания ба Ҳизби меҳнати Албания тағйири ном кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 Ассамблеяи генералии СММ аз Иттиҳоди Шӯравӣ талаб кард, ки неруҳояшро аз Венгрия барорад.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1893 дар Иёлоти Колорадои ИМА ба занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан дода шуд.

***

Соли 1943 Ордени Шараф- ордени ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.

Ноябрь 8, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш