Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Ноябрь 30, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 28 ноябр дар ҳошияи нишасти 47-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Исломӣ бо Вазири давлатии ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рим Ал-Ҳошимӣ мулоқот анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар баррасӣ гардиданд. Таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим дониста шуд.

Мусоҳибон доир ба омодагии ҷониби аморотӣ ба танзими  EXPO дар Дубай ва иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинӣ табодули назар карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Ноябрь 30, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд