Тоҷикистон ва Германия ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат тавсеа мебахшанд

Ноябрь 27, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Германия ҳамкориро дар бахши саноат тақвият медиҳанд.

Дар ин росто дар Душанбе мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн доир гардид.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои  Тоҷикистон ва Германия, инчунин ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои саноат баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот  зарурати тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба, ки ба партави муносибатҳои ду кишвар созгор аст, таъкид гардид.

 

Ноябрь 27, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд