Ҳукумати Ҳиндустон барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намуд

Ноябрь 10, 2020 08:51

ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ “Ховар”/. Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни тиб дар соли таҳсили 2021-2022 дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва доктор PhD бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар доданд.

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи барномаи “AYUSH Scholarship” барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни тиб дар соли таҳсили 2021-2022 дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва доктор PhD бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст. Таҳсил ба забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ сурат гирифта, довталабон бояд бо забони англисӣ ба таври озод суҳбат карда ва навишта тавонанд”, — илова намуд манбаъ.

Довталабон бояд худро то 12.11.2020 дар «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» номнавис намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-30-33, 223-23-59.

Е-mail: umomort@gmail.com

Ноябрь 10, 2020 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд