Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози кишварии СММ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 6 ноябр Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид (UNRC) хонум Сезин Синаноғлу ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (UN FAO) Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои махсусгардонишудаи СММ-ро баррасӣ карданд. Инчунин ба таҳким ва афзоиши самаранокии ҳамкории Тоҷикистон ва СММ бо мақсади ноил шудан ба пешрафти рушди иҷтимоию иқтисодӣ ибрози рағбат карданд.
Диққати махсус ба татбиқи лоиҳаҳои UN FAO дар самти кишоварзӣ, таҳкими зерсохтори истеҳсолоти кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шуд.
Инчунин ҷонибҳо аҳамияти талошҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаро дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






