18 декабр таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар шакли конфронси видеоӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Президентҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуда, таҳрири нави Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи онро баррасӣ мекунанд, ҳисоботро дар бораи рушд ва таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешунаванд.
Интизор меравад, ки сарони давлатҳо ду изҳороти муштаракро — ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ имзо мекунанд.
Тасвиби асноде, ки ҳамкории кишварҳои ИДМ-ро дар соҳаҳои гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ ва таҳкими амнияти сарҳадотро дар марзҳои берунӣ танзим мекунанд, низ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дар бораи раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 тасмим гирифта хоҳад шуд.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






