350 нафар поккорону гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 дар шаҳри Хуҷанд ба зиёда аз 350 нафар поккорон ва гулпарварон маводи ғизоӣ ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо тақдим карда шуд. Кумаки мазкур аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардўстона ва раъиятпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поккорону гулпарварон тақдим гардид.
Тавре аз маркази матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари ин нафарон тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
«Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем. Ҳар гоҳе, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангорангу сабзазор, кӯчаву хиёбонҳои зебо ва тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд»— афзуд Раиси вилояти Суғд.
Рўбандаю покизакорон ва гулпарварон, ки аз ин кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






