350 нафар поккорону гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд

Декабрь 30, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2021  дар шаҳри Хуҷанд ба зиёда аз 350 нафар поккорон  ва гулпарварон маводи  ғизоӣ ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо тақдим карда шуд.  Кумаки мазкур  аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардўстона ва раъиятпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поккорону гулпарварон  тақдим гардид.

Тавре аз маркази матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари ин нафарон тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.

«Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем. Ҳар гоҳе, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангорангу сабзазор, кӯчаву хиёбонҳои зебо ва тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд»  афзуд  Раиси вилояти Суғд.

Рўбандаю покизакорон ва гулпарварон, ки аз  ин кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Декабрь 30, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад