Ифтитоҳи корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ «Асрори санг» дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Декабрь 24, 2020 10:19

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои “Асрори санг”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Шарифӣ бо тарҳи муосир бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, аз се ошёна иборат мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки аксарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид карда шуда, дар корхона аз сангҳои табиии Тоҷикистон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанди ҳархела, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол карда мешаванд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, расму оин ва маданияти миллати тоҷик тасвир ёфтааст ва хонаву маконеро дар ҳар гӯшаи дунё зебу нур мебахшанд.

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор адад маҳсулот буда, марҳила ба марҳила бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ин нишондод зиёд мегардад.

Аснои шиносоӣ бо имконияти фароҳамомада дар корхонаи нав таъкид гардид, ки минтақаҳои Тоҷикистон вобаста ба иқлимашон сарватҳои бойи табиӣ доранд ва дар сурати дуруст ба роҳ мондани истеҳсолот метавон ҳам эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ сохт ва ҳам маҳсулотро ба хориҷи мамлакат содирот кард.

Маҳсулоти корхона бо назардошти талаботу стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар дохил ва хориҷи мамлакат харидорони зиёд дорад. Сангҳои ороишӣ ва армуғони  корхона асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо содирот карда мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ду мағозаи фирмавии корхона ба фаъолият оғоз намудааст, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд аз он молҳои армуғонии аз сангҳои ороишӣ ва худҷило омодашуда харидорӣ намоянд.

Оянда бо ворид намудани технологияи нав аз Ветнам дар ин ҷо коргоҳи дӯхти либосҳои варзишӣ низ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки боз 50 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” марҳила ба марҳила бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани дигар коргоҳҳои истеҳсолӣ шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини корхонаро ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба рақобат тобовар ҷалб намуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ “Асрори санг” дар шаҳри Душанбе 24.12.2020

Декабрь 24, 2020 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон