«Сомон Эйр» аз Россия ба Тоҷикистон 146 парвоз анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» моҳи декабри соли равон 146 парвозро аз Россия ба Тоҷикистон ба нақша гирифтааст. Интизор меравад, ки парвозҳо аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Сургут ва Иркутск ба шаҳри Душанбе сурат гиранд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки фурӯши чиптаҳо тавассути нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои гуногуни Россия, аз ҷумла:
Москва — Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» хазинаҳои чиптафурӯшии №88 ва №40, тел: 89295994541;
Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис, тел: 84956400451;
Санкт-Петербург — Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886;
Санкт-Петербург — Хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N, тел: 89775205886;
Новосибирск — Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево), тел: 89161133599, 89035120420;
Екатеринбург — кӯчаи Техническая, хонаи 35, тел: 89175681253;
Красноярск — Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск, тел: 89161133599, 89035120420;
Иркутск — шаҳраки Ангарск, микрорайони 11, хонаи 19, дафтари кории №4, тел: 89161133599, 89035120420;
Қазон — к. Рихард Зорге 66, корпус 1, тел: 89035120420;
Уфа — Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420;
Сургут — к. Георгий Кукуевитский 15/1, тел: 89035120420;
Краснодар — к. Монтажников, хонаи 1, тел: 89175681253, ба роҳ монда мешаванд.
Барои пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки чиптаҳоро танҳо аз нуқтаҳои дар боло зикршуда харидорӣ намуда, аз шахсони сеюм ва дигар нуқтаҳо нагиранд. Арзиши чипта дар хатсайрҳои тахлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Россия ба Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Тоҷикистон ба Россия) арзиши чипта коҳиш меёбад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талабот кулли мусофирони ба Тоҷикистон сафардошта бояд, ки талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии COVID-19 (PCR-тест)-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ё мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд лутфан ба рақамҳои зер муроҷиат намоед:
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
+992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 39, +992 (37) 222 22 43,
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”:
+992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48,call-center@somonair.com, claims@somonair.com








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






