«Сомон Эйр» аз Россия ба Тоҷикистон 146 парвоз анҷом медиҳад

Декабрь 3, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» моҳи декабри соли равон 146 парвозро аз  Россия ба Тоҷикистон ба нақша гирифтааст. Интизор меравад, ки парвозҳо аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Сургут ва Иркутск ба шаҳри Душанбе сурат гиранд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки фурӯши чиптаҳо тавассути нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои гуногуни Россия, аз ҷумла:

Москва — Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» хазинаҳои чиптафурӯшии №88 ва №40, тел: 89295994541;

Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис, тел: 84956400451;

Санкт-Петербург — Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886;

Санкт-Петербург — Хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N, тел: 89775205886;

Новосибирск — Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево), тел: 89161133599, 89035120420;

Екатеринбург — кӯчаи Техническая, хонаи 35, тел: 89175681253;

Красноярск — Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск, тел: 89161133599, 89035120420;

Иркутск — шаҳраки Ангарск, микрорайони 11, хонаи 19, дафтари кории №4, тел: 89161133599, 89035120420;

Қазон — к. Рихард Зорге 66, корпус 1, тел: 89035120420;

Уфа — Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420;

Сургут — к. Георгий Кукуевитский 15/1, тел: 89035120420;

Краснодар — к. Монтажников, хонаи 1, тел: 89175681253, ба роҳ монда мешаванд.

Барои пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки чиптаҳоро танҳо аз нуқтаҳои дар боло зикршуда  харидорӣ намуда, аз шахсони сеюм ва дигар нуқтаҳо нагиранд. Арзиши чипта дар хатсайрҳои тахлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Россия ба Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Тоҷикистон ба Россия) арзиши чипта коҳиш меёбад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талабот кулли мусофирони ба Тоҷикистон сафардошта бояд, ки талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии COVID-19 (PCR-тест)-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ё мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд лутфан ба рақамҳои зер муроҷиат намоед:

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

+992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 39, +992 (37) 222 22 43,

info.caa@yandex.tj

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”:

+992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48,call-center@somonair.com,   claims@somonair.com

Декабрь 3, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид