ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ванҷ 60 иншоот ба истифода дода шуданд

Декабрь 22, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ванҷ 85  бинои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. То ба имрӯз беш аз 60  адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо Раиси  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин  Ҷӯразода фаъолону соҳибкорони ноҳияи баландкӯҳи Ванҷ иброз доштанд, ки   онҳо дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб  мегузоранд.

Тоҷиддин Ҷӯразода  бо фаълони ноҳияи Ванҷ  оид ба вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи муҳтавои ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, ташкили озмунҳо, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баррасии ҳолати пешгирии бемории сироятии  COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин  самт суҳбат кард.

Сокинони ноҳияи Ванҷ сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушд ва эҳёи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Ин дар ҳолест, ки бо  фароҳам гардидани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои боздид аз ин гӯшаи зебоманзари мамлакат беш аз пеш афзоиш ёфта истодааст.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд