Ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва муовини Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин Юй Цзянхуа ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Зимни ҷаласа Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.
Чин сеюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сармоягузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Соли 2019 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 660,9 млн. долларро бо вазни хоси 14,6 % дар гардиши савдои хориҷӣ ташкил дод.
Дар доираи созишномаҳои техникӣ солҳои 2018-2019 аз ҷониби Чин барои рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии мамлакат 1 млрд. 700 миллион юан маблағ ҷалб карда шудааст.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла ҷониби Чин мутахассисони дигари худро ҳарчи зудтар барои таъмини кори саривақтии сохтмони «Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод равона менамояд. Инчунин аҳамияти таҷдиди кори «Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Хитой» ба миён гузошта шуд.
Ҷониби Чин иттилоъ дод, ки аллакай зиёда аз 1000 нафар мутахассисон барои таъмини корҳои лоиҳаҳои зикргардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуда, фаъолият бурда истодаанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо барои рушди ҳамкории дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди инфрасохтори логистикию содиротӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, ташкили паркҳои технологӣ ва ғайра бо ҷалби сармояи Чин дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расонида шуд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






