Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи МБС бо иштироки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Декабрь 4, 2020 10:59

ДУШАНБЕ, 04.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази байналмилалии савдо (МБС), ки дар формати видеоӣ бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода доир гардид, дастовардҳои мамлакат дар доираи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ва раванди татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора мухбири АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода вобаста ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва Маркази байналмилалии савдо дар самти фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, таъсиси Портали савдои Тоҷикистон, бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии COVID-19 ба савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда сухан карда, омодагии густариши ҳамкориро дар самтҳои зикршуда иброз намуд.

Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, умедвории худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи бештар баён намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд, ки  намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ аъзои он мебошанд. Инчунин ҷиҳати шаффоф гардонидани сиёсати савдои мамлакат Портали савдои Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд, ки бо 3 забон маълумотро оид ба 53 расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ (зиёда аз 1500 номгӯи маҳсулот) дар бар мегирад.

Декабрь 4, 2020 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад