Ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ зери раёсати Раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид.
Дар он чор мавзӯъ: оид ба ҷараёни иҷрои супоришҳои протоколи ҷаласаҳои Шӯро дар соли 2019, оид ба омодагӣ ба ташкил ва баргузории нахустин Кинофестивали байналмилалии «Душанбе», оид ба фаъолияти Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва муҳокимаи лоиҳаи филмномаи Далер Раҳматов «Шабгардон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Аз рӯйи се масъалаи ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», котиби масъули Шӯро Маҳмадсаид Шоҳиён гузориши муфассал пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди кинематографияи миллӣ ва татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино аз соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ фаъолият менамояд. Дар асоси Низомномаи худ Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ҷаласаҳо баргузор мекунад. Ҷаласаҳо дар шакли санад ба расмият дароварда шуда, барои иҷро ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вогузор карда мешаванд.
Доир ба масъалаи чоруми ҷаласа муаллифи филмномаи «Шабгардон» Далер Раҳматов сухан гуфта, ба таври мухтасар мазмуну муҳтавои филмномаро муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон масоили рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ мавриди музокира ва баҳси иштирокчиёни ҷаласа қарор дода шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа доир ба рафъи мушкилоти соҳа ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳо дода шуда, қарори ҷаласа қабул ва нақшаи кори Шӯро барои шашмоҳаи якуми соли 2021 тасдиқ гардид.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






