Арабистони Саудӣ иртиботи ҳавоии байналмилалиро мавқуф гузошт
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ дирӯз, 20 декабр, қатъ шудани иртиботи ҳавоии байналмилалиашро бинобар сабаби пайдоиши намудҳои нави коронавирус, ки дар чанд кишвар сабт шудаанд, эълон кард. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора портали иттилоотии «Almnatiq» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии салтанат хабар додааст.
«Дар асоси маълумоти Вазорати тандурустӣ дар бораи паҳншавии навъҳои нави коронавирус дар як қатор кишварҳо, то равшан шудани маълумот дар бораи хусусияти ин вирус ва бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ ҳукумат тасмим гирифт, ки тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои ҳолатҳои махсус, ба муҳлати як ҳафта ва бо имкони тамдиди як ҳафтаи дигар боздошта шаванд, — гуфта мешавад дар изҳороти интишоркардаи идора. -«Ҳавопаймоҳое, ки аллакай аз хориҷа ба салтанат омадаанд, метавонанд кишварро тарк кунанд».
Ғайр аз ин, муваққатан вуруд ба кишвар тавассути гузаргоҳҳои заминӣ ва бандарҳои баҳрӣ ба муҳлати як ҳафта бо имкони тамдид боз то як ҳафтаи дигар баста мешавад. Касоне, ки ба салтанат бармегарданд, муваззафанд, ки ду ҳафта худро маҳдуд кунанд ва барои ПТР аз озмоиши тестӣ гузаранд ва пас аз панҷ рӯз озмоишро такрор кунанд. Онҳое, ки дар се моҳи охир ба кишвар омадаанд, вазифадоранд, ки аз ташхис барои мавҷудияти антителаи коронавирус бигузаранд.
Аз оғози пандемия дар салтанат зиёда аз 361 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ошкор шуда, беш аз 3 ҳазор нафар дар марҳилаи фаъоли беморӣ мебошанд, 6 122 тан ҷон бохтаанд, тақрибан 352 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.
АКС аз манбаҳои озод








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






