Ба Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони Муъминбод туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд
МУЪМИНОБОД, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 аз ҷониби ҶДММ «Заркорон», Хоҷагии ҷангал ва бахши кор бо ҷавонони ноҳия ба 81 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминбод либосҳои болопӯш, пойафзолҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Барои тарбиятгирандагони таълимгоҳи мазкур ҳамчунин дастурхони идона ороста шуд.
Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода кӯдаконро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, афзуд, ки «шумоён ҳаргиз худатонро ятиму бепарастор нашуморед, чунки Сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат ҳамеша ғамхору мададгоратон ҳастанд. Онҳо намегузоранд, ки шумо худатонро бе падару модар, танҳову нотавон ҳис кунед. Барои таълиму тарбия ва зиндагии сазовори Шумо шароит фарохам оварда мешавад. Шумо бояд танҳо барои хуб хондан саъю кӯшиш намоед, то ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расида, ба халқ софдилона хизмат кунед».
Айни ҳол дар Мактаб-интернат 81 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 15 нафарашон духтарон мубошанд.
Тавре директори Мактаб-интернат Сайфиддин Нуров иброз дошт, тарбиятгирандагон ба шароити лозима таъмин буда, бо ҷои хоб ва се вақт хӯрок таъмин мебошанд. Гарчанде ки Мактаб-интернат ба хати тозаи барқ таъмин бошад ҳам, дар синфхонаҳо печҳои аловӣ насб карда шудааст, ки дар фасли сармо барои хонандагон гармӣ мебахшанд. Барои гузаронидани зимистон 3 тонна ангишт ва 120 куб ҳезум захира карда шуда, аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша сӯзишворӣ ва дигар маводҳои сӯхт ба Мактаб –интернат ворид мешаванд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






