Ба Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони Муъминбод туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд

Декабрь 29, 2020 11:19

МУЪМИНОБОД, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2021  аз ҷониби ҶДММ «Заркорон», Хоҷагии ҷангал ва  бахши кор бо ҷавонони ноҳия  ба 81 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминбод либосҳои болопӯш, пойафзолҳои зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ  тақдим карда шуд. Барои  тарбиятгирандагони таълимгоҳи мазкур ҳамчунин дастурхони идона ороста шуд.

Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода кӯдаконро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда,  афзуд, ки «шумоён ҳаргиз худатонро ятиму бепарастор нашуморед, чунки Сарвари  давлат  ва ҳукумати мамлакат ҳамеша ғамхору мададгоратон ҳастанд. Онҳо  намегузоранд, ки шумо худатонро бе падару  модар, танҳову нотавон  ҳис кунед. Барои таълиму тарбия ва зиндагии сазовори Шумо шароит фарохам оварда мешавад. Шумо бояд танҳо барои хуб хондан саъю кӯшиш намоед, то ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расида, ба халқ софдилона хизмат кунед».

Айни ҳол дар Мактаб-интернат 81 нафар  ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 15 нафарашон духтарон мубошанд.

Тавре директори Мактаб-интернат Сайфиддин Нуров иброз дошт, тарбиятгирандагон ба шароити лозима таъмин буда, бо ҷои хоб ва се вақт хӯрок таъмин мебошанд. Гарчанде ки Мактаб-интернат  ба хати тозаи барқ таъмин бошад ҳам, дар синфхонаҳо печҳои аловӣ насб карда шудааст, ки дар  фасли сармо  барои хонандагон  гармӣ мебахшанд. Барои гузаронидани зимистон 3 тонна ангишт ва 120 куб ҳезум захира карда шуда, аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша  сӯзишворӣ ва дигар маводҳои сӯхт ба Мактаб –интернат  ворид мешаванд.

Декабрь 29, 2020 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст