Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон волонтёрони Хоруғ намоиши театрӣ баргузор карданд

Декабрь 3, 2020 09:53

ХОРУҒ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон волонтёрони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо истифода аз лӯхтакҳои худсохт дар Маркази фарҳангии шаҳри Хоруғ аз рӯи афсонаҳои халқи тоҷик  намоишеро манзури кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва волидони онҳо гардониданд. Дар ин намоиш ҳамчунин тарбиятгирандагони марказҳои рушди барвақтии кӯдакони шаҳр низ ширкат намуданд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Одамони дорои маъюбият» Фарида Алибахшова ба волонтёрони шаҳр барои намоиши ҷолибу хотирмон изҳори сипос карда, гуфт, ки “ин кӯдакон ба иллати нуқси ҷисмонӣ имконият надоранд ба мисли ҳамсолони худ ба кӯдакистону таълимгоҳ, марказҳои дилхушӣ ва ё ҷойҳои дигар ба саёҳат раванд. Ин маҳфиле, ки волонтёрон барояшон ройгон роҳандозӣ карданд, то дер гоҳ аз хотирашон зудуда намешавад. Ва аз ҳама муҳим, онҳо дар ҳалқаи ҳамсолони худ аз муассисаҳои томактабии шаҳр лаҳзае ҳам бошад, нуқси ҷисмониашонро фаромӯш карда, худро хеле озоду бароҳат ҳис намуданд. Набояд гузошт, ки ин кӯдакон худро дар ҷомеа заиф ва танҳо ҳис кунанд. Ин ҳадафест, ки ташкилоти ҷамъиятӣ бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша  паи амалӣ намудани он ҳастанд”.

Дар шаҳри Хоруғ театри лӯхтак вуҷуд надорад, аммо як гурӯҳ ҷавонони ташаббускор аз маводи дастрас лӯхтакҳо сохтанду намоиши ҷолиб таҳия намуданд. Лӯхтак яке аз беҳтарин ва муассиртарин воситаи тарбияи кӯдакон аст. Ба воситаи он ҳам кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ҳам кӯдакони солим тарзи муошират, ҳифзи шарафи инсон, эҳтиром ба калонсолон ва кумак ба ниёзмандонро ёд мегиранд.

Яке аз волидони кӯдаки маъюб Қурбонсултон Замирова гуфт, ки “имрӯз дар баробари фарзандам ман низ хурсандӣ кардам. Аз аввали намоиш то ба охир писарчаам табассум мекард. Табассуми кӯдак ва бахусус кӯдаке, ки аз бисёр имконияти зиндагӣ маҳрум аст, барои модар туҳфаи гаронбаҳост. Орзуи онро дорем, ки минбаъд чунин маҳфилҳо барои ин гуна кӯдакон бештар роҳандозӣ шаванд”.

Дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 70 нафар кӯдакон бо нуқсҳои гуногуни ҷисмонӣ сабти ном шудаанд, ки нисфи бештари онҳо сарфи назар аз имконияти маҳдуд дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд.

Декабрь 3, 2020 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид