Барои наворбардории филми ҳунарии таърихии «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» озмун эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии синамо таҷлил карда мешавад. Имрӯз филмсозон-кормандони ин санъати шигифтангез ва дӯстдорони он дар саросари ҷаҳон ид доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санъати синамо рушд намуда, сол то сол ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Масалан, имсол филми ҳунарии мазҳакавии «Автобус» ва филми ҳунарии кутоҳи “Аз баландии парвоз” дар шаҳри Қазони Тотористон дар синамоҷашнвораи филмҳои мусулмонӣ ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз шуданд. Ҳамзамон, филми ҳунарии «Сафи домодҳо» дар кинофестивали якуми байналмилалии «Леонид Хромов» сазовори ҷоизаи махсуси раиси ҳакамон гардид. Инчунин соли равон се филм барои ширкат дар фестивали филмҳои Осиё, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Куриё баргузор гардид, равон карда шуда, инчунин тариқи интернет филмҳо ба фестивали байналмилалии Қувайт пешниҳод гардиданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, бо мақсади наворбардории филми ҳунарии таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва филми мустанад доир ба даврони соҳибистиқлолӣ бо номи “Тоҷикистон” ҷиҳати таълифи филмномаҳо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” миёни доираҳои эҷодии кишвар озмун эълон намуда, ролики таблиғотӣ омода кардааст. Барои беҳтарин филмномаҳо маблағҳои пулӣ пешбинӣ гардидааст.
Сармуҳаррири МД «Тоҷикфилм» Назар Назаров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, ки новобаста аз шароити бавуҷудомада, дар соли 2020 муассиса як зумра корҳои эҷодию истеҳсолиро анҷом дод. Аз ҷумла, 20 қисми филми анитматсионии «Алифбо» дар ҳаҷми 88 дақиқа омода карда шуд.
Номбурда афзуд, ки соли 2021 таҳияи филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, фаъолияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бемории сироятии коронавирус Сovid-19 дар назар дошта шуда, то ҷашни миллӣ онҳо пешниҳоди бинандагон мегарданд.
«Бо сабабҳои ба ҳамагон маълум нахустнамоиши филми тасвирии «Алифбо», филми ҳунарии «Автобус» ба таъхир афтод, ки пас аз ба эътидол омадани вазъ тамошои онҳо барпо карда мешавад. Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» пурра омода гардида, дар рӯзи ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» нахустнамоиши он доир карда шуд. Инчунин филми ҳунарии кутоҳи «Моҳича» комилан омода гардида, ба наздикӣ пешниҳоди тамошобинон мегардад”,-афзуд номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки дар робита ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО аз ҷониби муассиса як қатор филмҳои мустанад доир ба мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва ҷашну идҳои миллӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, Раёсати муассиса дар ВМКБ ду филми мустанад бо номҳои «Карон» ва «Ямчун» бахшида ба калъаҳои таърихии Карони ноҳияи Дарвоз ва Ямчуни ноҳияи Ишкошим, дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади «Аҷинатеппа», «Ҳулбук» ва «Тахти сангин», дар вилояти Суғд дар хусуси ҷашнҳои қадимаи миллӣ – Сада ва Меҳргон филмҳои мустанад таҳияву омода гардиданд.
Дар баробари ин, филмҳои мустанади “Хиёнат” 3 қисм, қисмҳои 4 ва 5-и филми мазкур, “Сайри гули лола”, коргардон Шарофат Арабова, “Сози мақом” бахшида ба бист солагии мақоми давлатӣ гирифтани ансабли “Шашмақом” ва “Ваҳдат” ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, коргардон Абдулҳай Зокиров, “Шинохти Саразм” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостон бо коргардонии Рустам Сатторзода, бахшида ба 100-солагии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимягаров филми мустанади “Устод Кимягаров” коргардон Файзулло Файзов, ба шарафи 90-солагии “Тоҷикфилм” филми мустанади “90-соли Тоҷикфилм” бо коргардонии Рустам Шоазимов ва “90-соли Кинои тоҷик” бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ таҳияву рӯйи навор омадаанд.
Ҳамзамон дар робита ба ҷашни 100-солагии Б.А.Кимягаров филми мустанади “Поси хотира” (Хроника памяти)-и Елизавета Кимягарова тарҷума ва дубляж карда шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд






