Барои наворбардории филми ҳунарии таърихии «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» озмун эълон шудааст

Декабрь 28, 2020 17:20

ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии синамо таҷлил карда мешавад. Имрӯз филмсозон-кормандони ин санъати шигифтангез ва дӯстдорони он дар саросари ҷаҳон ид доранд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  санъати синамо   рушд намуда, сол то сол ба комёбиҳои назаррас  ноил  мегардад. Масалан, имсол  филми ҳунарии мазҳакавии «Автобус» ва филми ҳунарии кутоҳи “Аз баландии парвоз” дар шаҳри Қазони Тотористон дар синамоҷашнвораи филмҳои мусулмонӣ ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз шуданд. Ҳамзамон, филми ҳунарии «Сафи домодҳо» дар кинофестивали  якуми байналмилалии «Леонид Хромов» сазовори ҷоизаи махсуси раиси ҳакамон гардид. Инчунин  соли равон се филм барои ширкат дар фестивали филмҳои Осиё, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Куриё баргузор гардид, равон карда шуда, инчунин тариқи интернет филмҳо ба фестивали байналмилалии Қувайт пешниҳод гардиданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, бо мақсади наворбардории филми ҳунарии таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва филми мустанад доир ба даврони соҳибистиқлолӣ бо номи “Тоҷикистон” ҷиҳати таълифи филмномаҳо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” миёни доираҳои эҷодии кишвар  озмун эълон намуда, ролики таблиғотӣ омода кардааст. Барои беҳтарин филмномаҳо маблағҳои пулӣ пешбинӣ гардидааст.

Сармуҳаррири МД «Тоҷикфилм» Назар Назаров дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар”  иброз  намуд, ки новобаста аз шароити бавуҷудомада, дар  соли 2020 муассиса як зумра  корҳои  эҷодию истеҳсолиро анҷом дод. Аз ҷумла,  20  қисми филми анитматсионии «Алифбо» дар ҳаҷми 88 дақиқа  омода карда шуд.

Номбурда афзуд, ки соли 2021  таҳияи филмҳои мустанад дар мавзӯъҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, фаъолияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бемории сироятии коронавирус   Сovid-19 дар назар дошта шуда,   то ҷашни миллӣ онҳо  пешниҳоди бинандагон мегарданд.

«Бо сабабҳои ба ҳамагон маълум нахустнамоиши  филми тасвирии «Алифбо», филми ҳунарии «Автобус»  ба таъхир афтод, ки пас аз ба эътидол омадани вазъ тамошои  онҳо барпо карда мешавад. Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» пурра омода гардида, дар рӯзи ҷашни 90-солагии «Тоҷикфилм» нахустнамоиши он доир карда шуд. Инчунин филми ҳунарии кутоҳи «Моҳича» комилан омода гардида,  ба наздикӣ пешниҳоди тамошобинон мегардад”,-афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки дар робита ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО аз ҷониби муассиса як қатор филмҳои мустанад доир ба мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва ҷашну идҳои миллӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, Раёсати муассиса дар ВМКБ ду филми мустанад бо номҳои «Карон» ва «Ямчун» бахшида ба калъаҳои таърихии Карони ноҳияи Дарвоз ва  Ямчуни ноҳияи Ишкошим,  дар вилояти Хатлон филмҳои мустанади «Аҷинатеппа», «Ҳулбук» ва «Тахти сангин»,  дар вилояти Суғд дар хусуси ҷашнҳои қадимаи миллӣ – Сада ва Меҳргон филмҳои мустанад таҳияву омода  гардиданд.

Дар баробари ин, филмҳои мустанади  “Хиёнат”  3 қисм,   қисмҳои 4 ва 5-и филми мазкур, “Сайри гули лола”,  коргардон Шарофат Арабова,  “Сози мақом” бахшида ба бист солагии мақоми давлатӣ гирифтани ансабли “Шашмақом”  ва “Ваҳдат”   ба муносибати  ҷашни Ваҳдати миллӣ, коргардон Абдулҳай Зокиров, “Шинохти Саразм” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостон бо коргардонии Рустам Сатторзода, бахшида ба 100-солагии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимягаров филми мустанади “Устод Кимягаров” коргардон Файзулло Файзов, ба шарафи 90-солагии “Тоҷикфилм” филми мустанади “90-соли Тоҷикфилм” бо коргардонии Рустам Шоазимов ва “90-соли Кинои тоҷик” бо коргардонии Муҳаббат Сатторӣ таҳияву рӯйи навор омадаанд.

Ҳамзамон дар робита ба ҷашни 100-солагии Б.А.Кимягаров филми мустанади “Поси хотира” (Хроника памяти)-и Елизавета Кимягарова тарҷума ва дубляж карда шуд.

           София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2020 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 муайян шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид
«ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имрӯз ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ мешаванд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ-СИМОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад
«ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ». Истаравшан ба ин унвони байналмилалӣ сазовор гашт
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад
НОБИҒАЕ ДАР ОЛАМИ МАЪРИФАТ. Ҷалолиддини Балхӣ шуҳрати фарҳангу адаби тоҷикро беназиру оламгир гардонидааст
Дар Кирмоншоҳи Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид