Баъзе дастгоҳҳо ва ташхисҳои Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» дар Осиёи Марказӣ назир надоранд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъзе дастгоҳҳо ва ташхисҳое, ки дар Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» ба роҳ монда шудаанд, дар Осиёи Марказӣ назир надоранд. Ин нуктаро директори Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» Миралӣ Одинаев имрӯз зимни муаррифии фаъолияти муассисаи мазкур дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, маросим бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони вазорати марбута ва дигар зерсохторҳои он иштирок доштанд. Зикр шуд, ки Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самти Рушд» таъсис дода шуда, аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмӯъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад.
Фаъолияти ташхисгоҳ ба стандарти байналмилалии GMP мутобиқ карда шуда, дар он зиёда аз 100 намуди ташхис анҷом дода мешаванд.
Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарох ба вуҷуд овард. Ҳамин аст, ки шаҳрвандон пештар барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ бо харҷи маблағи гарон ва сарфи зиёди вақт ба хориҷи мамлакат мерафтанд. Акнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд.
Дастгоҳу таҷҳизоти Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» аз ИМА, Германия, Австрия, Туркия ва Чин дастрас карда шуда, ҳар кадоме вазифаи худро иҷро мекунанд.
Дастгоҳи «Dimension EXL200» озмоишҳои биохимиявӣ анҷом медиҳад. Дастгоҳи мазкур дар як соат қобилияти гузаронидани тақрибан 900 санҷиш дорад. Қаблан, чунин санҷишҳо ба таври дастӣ сурат мегирифт. Ҳоло дар ин дастгоҳ танҳо намуна ҷойгир карда, бидуни таъсири инсон система ҳамаи марҳилаҳоро иҷро мекунад.
Дастгоҳи «immulite 2000xpi» системаи ташхиси иммуниро иҷро мекунад. Дар системаи мазкур санҷишҳои ҳосилхези ҳама нишонаҳои гепатит ва узвҳои репродуктивӣ муайян карда шуда, он дар як соат иқтидори муайян кардни тақрибан 200 санҷишро дорад.
Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» бо муассисаҳои маъруфи тиббии кишварҳои пешрафта ҳамкории зич дорад, ки ин барои табодули таҷриба ва бозомӯзии кормандон имкони васеъ фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” 1 сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.










Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






