Баъзе дастгоҳҳо ва ташхисҳои Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» дар Осиёи Марказӣ назир надоранд

Декабрь 4, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъзе дастгоҳҳо ва ташхисҳое, ки дар Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» ба роҳ монда шудаанд,  дар Осиёи Марказӣ назир надоранд. Ин нуктаро директори Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» Миралӣ Одинаев имрӯз зимни муаррифии фаъолияти муассисаи мазкур дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, маросим бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони вазорати марбута ва дигар зерсохторҳои он иштирок доштанд. Зикр шуд, ки Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самти Рушд» таъсис дода шуда, аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмӯъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад.

Фаъолияти ташхисгоҳ ба стандарти байналмилалии GMP мутобиқ карда шуда, дар он зиёда аз  100 намуди ташхис анҷом дода мешаванд.

Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарох ба вуҷуд овард. Ҳамин аст, ки шаҳрвандон пештар барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ бо харҷи маблағи гарон ва сарфи зиёди вақт ба хориҷи мамлакат  мерафтанд. Акнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд.

Дастгоҳу таҷҳизоти Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» аз ИМА, Германия, Австрия, Туркия ва Чин дастрас карда шуда,   ҳар кадоме вазифаи худро иҷро мекунанд.

Дастгоҳи «Dimension EXL200»   озмоишҳои биохимиявӣ анҷом медиҳад. Дастгоҳи мазкур дар як соат қобилияти гузаронидани тақрибан 900 санҷиш дорад. Қаблан, чунин санҷишҳо ба таври дастӣ сурат мегирифт. Ҳоло дар ин дастгоҳ танҳо намуна ҷойгир карда, бидуни таъсири инсон система ҳамаи марҳилаҳоро иҷро мекунад.

Дастгоҳи «immulite 2000xpi» системаи ташхиси иммуниро иҷро мекунад. Дар системаи мазкур санҷишҳои ҳосилхези ҳама нишонаҳои гепатит  ва узвҳои репродуктивӣ муайян карда шуда, он  дар як соат иқтидори муайян кардни тақрибан 200 санҷишро дорад.

Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» бо муассисаҳои маъруфи тиббии кишварҳои пешрафта ҳамкории зич дорад, ки ин барои табодули таҷриба ва бозомӯзии кормандон имкони васеъ фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” 1 сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Декабрь 4, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд
Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор сазовори ҷойи сеюм шуд
Сарбанди Деҳқонобод дар обёрии беш аз 40 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ нақши муҳим дорад
Намояндаи SECO нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» шинос гардид
Дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати ХБА масоили динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ шуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад